- наздик
- [نزديک]1. он чи аз ҷиҳати макон, замон ва масофа дур намебошад, қариб; муқоб. дур2. қарин, ҳамдам, муқарраб: дӯсти наздик, одами наздик; наздикон хешу ақрабо, хешовандон3. монанд, шабеҳ; наздики… ба назди…, ба пеши… дар ояндаи наздик ба наздикӣ, ба қарибӣ, ба зудӣ; дуру наздик масофаи гуногун, гирду атроф, ҳама ҷо; пешу наздик гирду атроф; дар масофаи начандон дур; наздик будан а) қариб будан; б) маҷ. шинос, дӯст, ё ҳамроз будан; наздик намондан қариб омадан намондан, иҷозат надодан барои пеши касе омадан; наздик намудан алоқаманд кардан: ба ҳаёт наздик намудани таълим; наздик омадан а) ба қарибии ҷое, чизе расидан, қариб расидан, пеши чизе омадан; б) фаро расидан; наздик расидан қариб омада мондан (ба ҷое), ба қарибии ҷое омада мондан; наздик шудан; наздик шудан а) ба назди чизе омадан, ба қарибии касе омадан. б) қаробат пайдо кардан, шинос шудан; аз наздик дидан аз масофаи кам нигоҳ кардан; бевосита дидан; аз наздик шинохтан хуб шинохтан; ошноии бевосита доштан; ба ҳам наздик кардан ба ҳам шинос кардан, ба ҳам ошно кардан, қарин гардонидан; наздик буд, ки қариб ки, кам монда буд, ки…. наздик монд кам монд, қариб расидем (ба ҷое)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.